Вазорати тандурустӣ: «Иштироки кӯдаконро дар тадбири бекирмгардонӣ таъмин намоед»
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Шурӯъ аз имрӯз дар байни толибилмони муассисаҳои таълимии кишвар чорабинии бекирмгардонӣ бо истифода аз ду намуд доруворӣ – албендозол ва празиквантел ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Тибқи иттилои манбаъ, ба ин чорабинӣ наврасони аз синни 7 то 17 сола фаро гирифта мешаванд.Мақсади асосии чорабинӣ аз коҳиши миқдори гелминтҳо дар бадани кӯдакону наврасон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ нисбат ба пешгирии ин бемориҳо ва паст намудани сатҳи сирояти бемориҳо дар байни аҳолӣ, алалхусус кўдакону наврасон иборат мебошад.Вазорати тандурустӣ аз ҳамаи волидон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки то 28 сентябри соли ҷорӣ барои дар сатҳи баланд гузаштани ин чорабинӣ ҳамаҷониба мусоидат кунанд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






