Ҳалокати 6 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Мувофиқи хабари маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҷумҳурӣ, 7 октябр бар асари рух додани садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон 6 нафар ҳалок гардид. Дар натиҷаи аз ӯҳдаи идораи мошини боркаш баромада натавонистани ронандаи 23 – сола Холдор Худойбердиев нақлиёти номбурда ба мошини сабукрави ронанда Искандар Мусовиров бархӯрда, бар асари ин фалокат ронандаи мошини сабукрав ва 5 нафар мусофирони ӯ ҳалок гардиданд.Мувофиқи маълумоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ, аз оғози соли ҷорӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 1029 садамаи нақлиётиӣ рух дода, бар асари онҳо 388 нафар ҳалок гардида ва 114 нафар захм бардоштааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






