Ҷаласаи ситоди «Ҳаҷ-2012» дар Макка
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Дар меҳмонхонаи Бофил воқеъ дар Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ ҷаласаи ситоди «Ҳаҷ-2012» доир гардид. Тавре ки аз Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷаласа масоили шароити будубоши зоирини тоҷик дар меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара баррасӣ шуданд. Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҷобаҷонамоии ҳоҷиён дар меҳмонхонаҳо, таъмини онҳо бо шароити хуби иқомат ва хизматрасониҳои тиббӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.Раиси ситоди «Ҳаҷ-2012» Ҷумъахон Ғиёсов зимни суханронӣ аз масъулин даъват намуд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими ҳаҷи имсола тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад. Дар ҷаласа ҳамчунин аз вазъи ҳоҷиёни дорои бемориҳои гуногун сухан рафт ва барои муолиҷаи саривақтии онҳо аз ҳайати табибон даъват шуд, ки барои расонидани хизматрасониҳои тиббӣ аз тамоми имкониятҳои дастрас истифода намоянд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






