Боздиди Александр Сичев аз АНММ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Мулоқоти директори Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо намояндаи навтаъйини минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Александр Сичев баргузор гардид, ки мақсад аз он шиносоӣ бо фаъолияти Агентии назорати маводи мухаддир ва муҳокимаи дурнамои ҳамкориҳои минбаъда буд.Дар ҷараёни мулоқот директори Агентӣ аз вазифаҳои ин муассиса нақл карда, меҳмони олиқадрро бо вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистону Афғонистон, ҳамчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд.Ҷонибҳо аз рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ дар муборизаи зидди қочоқи маводи мухаддир ва ситезаҷӯӣ дар ҷомеаи имрӯза изҳори қаноатмандӣ намуданд. Александр Сичев дар навбати худ дастовардҳои Агентиро дар муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, фаъолияти муваффақонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриро дар амри ҷилавгирии ба кишвар ворид намудани маводи мухаддир зикр намуд.Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи мухаддир ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






