Дипломати тоҷик эътиборнома супорид
Маскав, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Халима Хушқадамова).-11 октябри соли 2012 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2012 ҳамзамон ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Эстония таъин гардид, ба Президенти ин кишвар Томас Ҳендрик Илвес эътиборнома супорид.Пас аз маросими расмӣ суҳбати мустақими сафир бо Президент доир гардид.Ҳангоми суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва нақши Тоҷикистону Эстония дар шароити давраи гузариши рушди ҷомеа, доир ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои минбаъдаи ду ҷониб ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баёни назар намуданд. Сафир аз ҷумла, доир ба наздикии мавқеи Тоҷикистону Эстония оид ба таҳкими амнияту оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамкориҳои гуногунҷабҳа дар доираи стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, иштирок дар таъмини устуворӣ ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон сухан гуфт. Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ду ҷонибро муҳокима карда, ҷонибҳо закр намуданд, ки робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва инвеститсионӣ ҳаҷмҳои нисбатан кам дошта бошанд ҳам, тамоюлоти мусбати инкишофро доранд. Аз ҷумла, дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 савдои мутақобилаи байни ду кишвар 30,0% афзуда, 2,654млн.доллари ИМА-ро ташкил намуд. Дар нимсолаи аввали соли 2012 гардиши савдои байни Тоҷикистону Эстония 7,16млн.долларро ташкил дод. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъсис додани Комиссияи байниҳукуматӣ яке аз воситаҳои таъсирбахш ҷиҳати фаъол намудани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва тавсеаи робитаҳои байни доираҳои соҳибкорӣ мебошад. Дар суҳбат соҳаҳои саноат, бахши аграрӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, истифодаи таҷрибаи Эстония дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ишора гардид. Ҷонибҳо инчунин зарурати тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии дуҷонибаро зикр намуданд. Президенти Эстония изҳори итминон намуд, ки таъини Қозидавлат Қоимдодов ба ҳайси сафир муносибатҳои Тоҷикистону Эстонияро такони нав бахшида, барои ба сатҳи баландтари амалӣ баровардани робитаҳои мутақобила мусоидат хоҳад кард. Зимни ташрифот мулоқоти сафир бо раиси Парламенти (Рийгикогу) Ҷумҳурии Эстония хонум Эне Эргма доир гардид. Ҷонибҳо мавзӯоти мубрами байналмилалӣ, масъалаҳои оҷили минтақа ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эстонияро баррасӣ намуданд. Сафир аз ҷумла зикр намуд, ки таъсиси Гурӯҳи робитаҳои парламентии ду ҷониб ҳамкориҳои байнипарламентиро фаъол гардонида, барои таҳияи созишномаҳои нав дар соҳаҳои гуногун ҷиҳати таҳкими заминаи шартномавии байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Мусоҳибон роҳҳои рушди муколамаи байнипарламентиро тарҳрезӣ намуда, зарурати пур кардани муҳтавои муносибатҳои дуҷонибаро тавассути ташаббус ва ибтикороти нав зикр намуданд.Дар ин бора ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» дар Русия аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






