Эмомалӣ Раҳмон: «Шаҳристон» — омили асосии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ
Шаҳрситон, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим, Дилшодаи Хайруллоҳ) — Ҷамъомади тантанавии бахшида ба ифтитоҳи расмии нақби «Шаҳристон»- ро Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода оғоз бахшида, сухани табрикотиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон дод.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ва ба истифода додани нақби мошингарди Шаҳристонро барои ҳозирин ва кулли мардуми Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, онро идомаи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пайвастани ҳамаи қисматҳои Тоҷикистон ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани мамлакат ва нишонаи хуби ҳамкориҳои пурсамари Тоҷикистону Чин, пайвандгари ҷанубу шимоли мамлакат ва дорои аҳамияти стратегӣ ва ҳам роҳи транзити байналмиллалӣ маънидод кард. Президенти мамлакат зикр намуд, ки маҳз бо назардошти раҳоӣ додани Тоҷикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ, мо бунёду сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, нақбу пулҳоро яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат қарор додем, то ба ин восита на танҳо равобити нақлиётии дохили кишвар, балки ҳаракати автомобили байналмиллалиро тавассути қаламрави кишварамон таъмин намоем. Президенти мамлакат ба нақбканони ватанӣ ва сохтмончиёни Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии онҳо нақби Шаҳристон бунёд кардид, арзи сипосу қадрдонӣ намуд. Бояд гуфт, ки нақби Шаҳристон дуюмин нақби мошингард дар шоҳроҳи Душанбе-Шаҳристон-Хуҷанд-Чаноқ ба ҳисоб рафта, дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии халқии Чин сохта шудааст ва пудратчии асосии лоиҳаи он ширкати China Road – и Чин мебошад. Акнун, нақби «Шаҳристон» ҳаракати доимии нақлиёт ва пайванди пойтахти ҷумҳурӣ бо шимоли мамлакатро бемайлон таъмин менамояд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






