Ифтитоҳи филиалҳои нави ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»

Октябрь 9, 2012 09:08

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ба ифтихори ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» тасмим гирифтааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат филиалҳои нави худро таъсис ва хизматрасониҳои муосири бонкиро ба мардум дастрастар намояд. Дар доираи ин иқдом дар ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ филиали «Тоҷиксодиротбонк» расман ифтитоҳ гардид.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» иттилоъ доданд, ки дар маросими ифтитоҳи бинои филиал раиси бонк Тоҷидин Пиров иброз намуд, ки таъсиси филиал ва муҳайё гардидани шароити хуби меҳнат кормандонро водор менамояд, ки бо нерӯи дучанд фаъолият намуда, дар пешрафии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Бинои филиал барҳаво буда, тибқи талаботи муосир бунёд ва бо навтарин таҷҳизоти техникиву идорӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Чунин шароити фаъолияти бонкӣ дар бинои филиали навтаъсиси бонк дар , кӯчаи Ҷомии ноҳияи Сино низ фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо барои бо сифати баланд иҷро намудани дархостҳои мизоҷон имкониятҳои васеъ ва мутахассисони болаёқат интихоб гардидаанд. Ҳамаи биноҳои филиалҳои навтаъсис, хусусан бинои филиали нави бонк дар кӯчаи Қаҳҳоров, 75 ноҳияи Фирдавсӣ тибқи тамғаи ягонаи «Тоҷиксодиротбонк» оро дода шуда, бо таҷҳизоти навтарини бонкӣ, аз ҷумла банкомат таъмин гардидаанд. Дар маҳаллаи 91-уми пойтахт, дар кӯчаи Алишер Навоии ноҳияи Сино низ филиали нави «Тоҷиксодиротбонк» дарҳои худро ба рӯи мизоҷон боз намуд. Бо ифтитоҳи филиал 32 нафар мутахассис соҳиби ҷойи нави кор хоҳад шуд. Ин нишондиҳанда дар чор филиали навтаъсис 108 ададро ташкил медиҳад. Дар филиалҳои нави бонк маҷмӯи васеи хизматрасониҳои бонкӣ, аз қабили пешниҳоди қарзҳо, ҷалби амонат, амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва хазинавӣ, интиқоли маблағ, хизматрасонии кортҳои пардохтӣ ба мизоҷон пешниҳод мегардад. Филиали мазкур 15-умин филиали «Тоҷиксодиротбонк» дар пойтахт ва 70-умин филиал дар миқёси ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Роҳбарияти бонк тасмим гирифтааст, ки доираи фарогирии мардумро бо таъсиси филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми минтақаҳои мамлакат торафт васеътар намояд.

Октябрь 9, 2012 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд