Кӯмаки «Тоҷиксодиротбонк» ба аҳолии Шуғнон
Душанбе, 8 октябрь. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба 1300 оилаи ниёзманди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмаки моддӣ расонид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» иттилоъ доданд, ки ба ҳар хонавода 50 кг орд, 20 кг биринҷ, 15 кг шакар, 10 кг равғани растанӣ, 10 кг марҷумак ва 10 кг ҷавдор тақдим шуд. Ҷиҳати расонидани ин кӯмак роҳбарияти бонк ба ноҳияи Шуғнон сафар намуда, бо мардуми ноҳия аз наздик вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом дод. Тавре раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷиддин Пиров дар ҳузури ҷамъомадагон дар маркази ҷамоатҳои ноҳия таъкид намуд, иҷрои ин амали хайр, ки аз таваҷҷӯҳи беандозаи Сарвари Давлат нисбат ба Бадахшон ва мардуми он гувоҳӣ медиҳад, барои мо ва кормандони бонк боиси ифтихор аст. Сокинони ноҳияи Шуғнон самимона аз ин иқдоми наҷиби Президенти ҷумҳурӣ изҳори сипос намуданд. Бояд гуфт, ки худи ҳамон руз дар чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ хатнасури 150 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Шуғнони ВМКБ аз ҷониби ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” доир гардид. Чорабинии мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳбарияти Бонк дода буд, амалӣ гардид.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






