Корҳои созандагӣ дар Ашт

Октябрь 23, 2012 14:26

Ашт, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар ноҳияи Ашт бо саҳму иштироки соҳибкорони ватанӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ авҷу вусъат доранд. Соҳибкори маҳаллӣ Уткур Муродалиев аз ҳисоби даромадҳои тиҷорат дар маркази ҷамоати деҳоти Понғоз – ноҳияи Ашт, дар асоси лоиҳаи замонавӣ маркази савдою хизматрасонӣ бунёд намуд. Маркази нави савдою хизматрасонии «Зафар» барои таъминоти аҳолии деҳот бо молу маҳсулот, ташкили фароғат, баргузор намудани чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ пешбинӣ ва баҳри ин ҳамаи шароитҳои замонавӣ муҳайё карда шудааст. Дар рӯзи ифтитоҳи ин иншооти замонавӣ соҳибкор бо кӯмаку мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хатнасури 20 нафар писарбачаҳо – фарзандони оилаҳои ниёзманди деҳаҳои ҷамоати Понғозро баргузор намуд. Ин қабил марказҳо шумораи муайяни аҳолии бешуғлро бо ҷои корӣ таъмин намуда, барои баланд бардоштани шароити иҷтимоию фарҳангии сокинони деҳот мусоидат менамояд.

Октябрь 23, 2012 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад