Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз Эмерҷенс-Груп

Октябрь 4, 2012 15:33

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзод). — Даври дувуми курсҳои омӯзишии мудофиавӣ барои занон-кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар маркази таълимии ВКД аз тарафи мутахассисони соҳаи мазкур ба анҷом расид.  Ба иттилои сомонаи расмии ВКД, барои занони кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз мақомоти роҳбонӣ ва дастаи таъиноти махсуси милитсия ва дигар кормандони аз вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар охири сентябри соли равон сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эмерҷенс-Груп, ки даври дувуми он ба шумор меравад, ба мӯҳлати панҷ рӯз курсҳои омӯзишӣ гузарониданд. Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишии услубҳои мудофиавӣ барои занон-кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи занон-мутахассисони Эмерҷенс Груп, бо назардошти “занон-кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои фавқулодда бо яроқ” таҳия гардида, барномаи усули тактикии мудофиавӣ ба занон-кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои бартараф намудани ҳамлаҳои ҷисмонӣ аз тарафи гумонбаршудагон омӯзонида шуданд. Пас аз хатми курси омӯзишӣ ба иштирокчиён барои азхуд намудани мавзӯъҳои омӯзишӣ сертификат супорида шуд, афзуд Р. Илёсов, майори милитсия.

Октябрь 4, 2012 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст