«MAN»-ҳои олмониро кӣ ба Тоҷикистон ворид намудааст?
Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рўзи 1 октябр бо ворид намудани иловаҳо ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди «Авиакомпания Осиё-Экспресс»-ро барои воридоти 20 адад автобуси сохти олмонии «MAN» аз пардохти андоз озод кард. Руҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи кишвар бо тавзеҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 » гуфт, ки бобати раҳоӣ додани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдилион ба минтақаи транзитӣ бо тамоми инфрасохтори нақлиётӣ, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҶДММ «Авиакомпания Осиё Экспресс» тасмим гирифтааст, ки 20 адад автобуси тамғаи «MAN»-и сохти Олмонро, ки дорои воситаҳои иловагии муосир аст, ба Тоҷикистон ворид намояд, ки он барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Муовини вазири молия гуфт, ки маблағи озодшавии автобусҳои олмонӣ аз пардохтҳои гумрукӣ 5,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 4, 5 миллион сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 1, 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар робита ба ин масъала Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон аз муовини вазири молия пурсон шуд, ки кист соҳиби ширкати «Авиакомпания Осиё –Экспресс» ва оё он автобусҳое, ки ба ҷумурӣ ворид мешаванд, барои мардум ягон сабукӣ меоранд? Оё онҳо арзиши роҳкирои мусофиронро 10 дирам арзон менамоянд? Аммо муовини вазири молия ба саволҳои раиси парлумон посух дода натавонист. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов гуфт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади эҳёи хатсайрҳое, ки дар замони Шўравӣ амал мекарданд, таҳия шудааст ва ширкати «Авиакомпания Осиё –Экспресс» 40 автобуси сохти олмониро аллакай ба ҷумҳурӣ овардааст. Ва ин ширкат барои ба даст овардани имтиёзҳо барои пардохти боҷи гумрукӣ ба Ҳукумати кишвар муроҷиат кардааст ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои озод намудани танҳо 20 адад автобус аз пардохти боҷи гумрукӣ ризоият додааст.16.22.