Мулоқоти Э. Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд

Октябрь 9, 2012 18:21

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дарозмуддати Тоҷикистон бо ин бонки соҳибнуфуз баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар солҳои гузашта бонки мазкур ба Тоҷикистон дар ҳаҷми қариб 1 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод намудааст ва ҳоло бо маблағи умумии 530 миллион доллари амрикоӣ як зумра лоиҳаҳои дигар дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Ҳамчунин хотиррасон гардид, ки тибқи Барномаи шарикии Бонки осиёии рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 барои беҳтар намудани шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва идоракунии минтақавӣ 200 миллион доллари амрикоӣ асосан дар шакли грант ҷудо мегардад.Тазаккур дода шуд, ки ҳоло бо маблағгузории грантии Бонки осиёии рушд роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода- сарҳади Узбекистон мавриди навсозӣ қарор дорад ва барои анҷом додани ҳамин кор дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-сарҳади Узбекистон низ қарори дахлдор қабул шудааст.Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд арзи сипос карда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд ин ҳамкории мутақобилан судманд боз ҳам густариш меёбад.Доир ба густариши ҳамкорӣ барои беҳсозии минбаъдаи шабакаҳои нақлиётию энергетикии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, кашидани лӯлаҳои газ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 9, 2012 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид