Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Намояндаи Конгресси ИМА
Душанбе, 12 октябр (АМИТ «Ховар»).-10 октябри соли 2012 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо Раиси зеркумитаи Конгресси ИМА оид ба умури Аврупо ва Авруосиё Дан Буртон мулоқот анҷом дод. Дар оғози мулоқот сафир ба ҳамсуҳбаташ роҷеъ ба роҳҳои минбаъдаи густариши ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, низомию амниятӣ ва байнипарлумонӣ ибрози назар намуд. Зимни мулоқот сафир зарурати таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои дуҷонибаро оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва саркашӣ намудан аз супоридани андоз аз даромад ва дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо матраҳ кард. Дан Буртон аз пазироии самимӣ зимни сафари кориаш ба Тоҷикистон, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, изҳори сипос карда, гуфт, ки омода аст аз Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои дуҷонибаи гуногунпаҳлу ва мутақобилан судманд дубора боздид намояд. Ӯ Тоҷикистонро «кишвари муҳим дар Осиёи Марказӣ» номида, нақши онро дар таъмини амнияти минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд. Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки муколамаи созандаро ҷиҳати рушду инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи гуногунсоҳа ва мутақобилан судманд идома диҳанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






