Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон

Октябрь 17, 2012 08:23

Душанбе, 17 октябр (АМИТ «Ховар»).-Масоили вобаста ба ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Афғонистону Эрон дар мулоқоти якҷояи сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод баррасӣ шуд.Сарони се давлати дӯсту ҳамфарҳанг доир ба ҳамгироии судманди миёни кишварҳои худ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби робитаҳои сеҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.Бо ёдоварӣ аз лоиҳаҳои сершумори муштарак доир ба рушди инфрасохтори минтақавии нақлиётию энергетикӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, нафту газ ва обрасонӣ, сарони се давлат ҳавасмандии устувори худро ба татбиқи амалии онҳо таъкид намуданд.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд

Октябрь 17, 2012 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад