Оё боло бурдани нархҳо сабаб дорад?
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ нисбат ба соли 2011 мутаносибан 4-6 фоиз зиёд шудааст.Бино ба иттилои манбаъ, афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 8,6 фоиз, вилояти Хатлон 2,7, ВМКБ-1 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4,2 фоизро ташкил дод. Дар ин давра ҳамчунин саршумори чорвои майда ва парранда ҳам зиёд гардидааст. Аз ҷумла саршумори бузу гӯсфанд аз 4 млн. 577 ҳазору 66 сари дар соли 2011 буда, ба 4 млн. 782 ҳазору 430 сар ва парранда аз 4 млн. 475 ҳазору 953 сар ба 4 млн. 892 ҳазору 84 сар расонида шуда, маҳсулоти чорвою парранда низ ба таври бесобиқа афзудааст.Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 5 млрд. 904 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки он нисбат ба соли 2011 ба андозаи 11,7 фоиз бештар аст. Ба диққати онҳое, ки сабаби болоравии нархи маҳсулот ва интиқоли онро ба зиёд шудани қимати сӯзишворӣ нисбат медиҳанд расониданием, ки соли ҷорӣ нархи сӯзишворӣ дар асоси маълумоти Агентии омор 0,5 фоиз поён рафтааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






