Парлумон лоиҳаи қонуни ҳифзи ҳавои атмосфераро матраҳ кард
Душанбе, 8 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» бо мақсади такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия шудааст, гуфт 8 октябр зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур Саиди Ёқубзод- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид. Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии таъмини ҳифзи ҳавои атмосфераро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва муносибатҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва корхонаву муассисаҳоро вобаста ба таъмини амнияти экологӣ танзим менамояд.Аъзои Шўро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Дар бораи Созишномаи қарзии имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҷдиди қисмати сеюми марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма, қитъаи Душанбе-Данғара, «Дар бораи Протоколи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба «Лоиҳаи сохтмони терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз 1 майи соли 2009» ва «Созишномаи иловагӣ ба Протоколи молиявӣ аз 1 майи соли 2009 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса»-ро, ки 29 июни соли 2012 ба имзо расидааст, баррасӣ намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






