Р.Гайнутдин: «Мо фақат муфтиёти Тоҷикистонро эътироф мекунем»
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Муфтии мусулмонони Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода ва роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев дар шаҳри Маскав бо муфтии мусулмонони Русия Равил Гайнутдин мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот муфтии Русия Равил Гайнутдин меҳмононро хайра мақдам гуфта ва ба онҳо барои иштирокашон дар қисми хотимавии Озмуни 13 – уми байналмилалии қориёни Қуръон изҳори ташаккур намуд. Муфтии Русия мақоми тоҷикистониёнро дар ҳаёти диндорони Русия ба таври мусбат арзёбӣ карда, зикр намуд, ки тоҷикон яке аз пайравони бофарҳангтарини муассисаҳои динӣ маҳсуб меёбанд.Ҷонибҳо ҳамчунин масоили рушди ҳамкории байни муассисаҳои динии Русия ва Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






