Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров Ваколатномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюкро қабул намуд. Тавре ки дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар фарҷоми маросим сӯҳбати муовини аввали вазир бо сафир баргузор гардида, дар ҷараёни он ҷонибҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва роҳандозӣ намудани ҳамкории мутақобилан муфиди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украинаро мавриди муҳокима қарор доданд.Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки сафири ккишвари дӯст дар ҷараёни иҷрои вазифааш ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ҳиссаи калон хоҳад гузошт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






