Сафари С. Девонаев ба Қирғизистон
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- 10-уми октябри соли равон Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон озими шаҳри Бишкек- пойтахти Қирғизистон мешавад. Мақсад аз сафари сардори Хадамоти муҳоҷирати кишвар иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони сохторҳои муҳоҷирати кишварҳои узви ИДМ ва Шӯрои сиёсати муҳоҷират дар назди Кумитаи муҳоҷирати АвруОсиё унвон мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод. Тибқи хабари манбаъ, дар ҷаласа, ки рӯзҳои 10 ва 12 октябр баргузор мегардад, вазъи муҳоҷиратии кишварҳои узви ИДМ, раванди татбиқи қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ва роҳбарони сохторҳои муҳоҷиратии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи муҳоҷират, ҳамчунин раванди татбиқи қарори Шӯрои байнидавлатии АвруОсиё баррасӣ хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






