Сомонаи арабии тарҷумони тоҷик
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Тарҷумони забони арабӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар ба қарибӣ интернети сомонаи «www.tarjumon.com» — ро кушод. Ин сомона, ки ба забонҳои тоҷикию арабӣ ихтисос ёфтааст, муштариёни шабакаи интернетро на фақат бо эҷодиёти тарҷумони номии забони арабӣ, балки бо навигариҳои Тоҷикистон ва кишварҳои араб низ шинос мекунад. Дар бахши арабии сомона шеърҳои Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор, Ҳадиса ва шоирони дигари имрӯзаи тоҷик ҷой дода шудаанд.Қобили зикр аст, ки сомонаи мазкур дуюмин сомонаи арабизабони Тоҷикистон маҳсуб меёбад.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






