Қонуне, ки савдоро ба танзим медарорад

Ноябрь 26, 2012 14:41

Душанбе, 26 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ояндаи наздик палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни нав- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро баррасӣ ва қабул хоҳад кард. Масъалаи мазкур 26 ноябр дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, муҳокима шуд. Сафаралӣ Раҷабов- раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумони мамлакат оид ба иқтисод ва молия дар назди аъзои Шўро гуфт, ки: «Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади асоснок ва объективона истифода бурдани тадбирҳои танзими давлатии савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани дахолати беасоси мақомоти давлатӣ ба танзими савдои чакана, ҳимояи бозори молу хизматрасониҳои таъиноти истеъмолӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таъмини интиқоли озоди молҳо ва хизматрасониҳои таъиноташон истеъмолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст». Зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз 7 боб ва 25 модда иборат буда, бобҳои алоҳида ба назорати давлатӣ ва санҷиш дар соҳаи савдои чакана, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, пешбурди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, гузаронидани санҷишҳо, масъалаҳои коргузорӣ, таъминоти кадрӣ, талаботи умумӣ ба кормандон, таълими тахассусии онҳо, омодагии касбӣ ва ҳамчунин гузаронидани муоинаи тиббӣ бахшида шудаанд.

Ноябрь 26, 2012 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид