Ҳамкории кишварҳои ОМ дар Аврупо матраҳ мегардад
Душанбе, 12 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Амиршо Миралиев –муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҳайати вакилони парлумони Аврупо оид ба кор бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Брюссел сафар кард. Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов-котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласа, ки то 14 ноябр идома меёбад, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо парлумони Аврупоро матраҳ менамояд. Ҳамзамон дар Брюсел мулоқоти вакилони парлумони Тоҷикистон бо ҳамтоёни аврупоии худ ҷараён гирифта, масъалаҳои марбут ба иқтисод, экология ва соири масоили истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






