Ҷаласаи машваратӣ дар ҳузури Сарвари давлат
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, ширкатҳои машваратӣ, Сарвазири кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи машваратӣ доир намуд.Дар машварат масоили вобаста ба вазъи корҳои тадқиқотии асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд.Дар оғози ҷаласа натиҷаҳои вохӯрии машваратии навбатии ҳайати давлатҳои наздисоҳилии ҳавзаи дарёи Омӯ барои муҳокимаи ҳисоботҳои марҳилавии корҳои тадқиқотиву баҳодиҳии лоиҳаи Нерӯгоҳи Роғун, ки 6 ва 7 ноябри соли 2012 дар шаҳри Алмато (Ҷумҳурии Қазоқистон) баргузор гардида буд, муҳокимаронӣ сурат гирифт.Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев, ки роҳбари гурӯҳи намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии Алмаато буд, маълумот дод.Назари Бонки ҷаҳониро аз натиҷаи вохӯрии Алмаато Директори минтақавии ин бонк Сароҷ Кумар Ҷа ва Роҳбари бахши энергетикаи он дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ранҷит Ламек баён намуданд.Сипас аз ҷониби консорсиуми ширкатҳои машваратӣ, ки таҳти роҳбарии ширкати “Коен эт Беллиер” фаъолият доранд, оид ба вазъи корҳои тадқиқотии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи Нерӯгоҳи Роғун Ноиби Президенти Ширкати “Коен эт Беллиер” Филлип Де Феликс ҳисобот дод.Доир ба вазъи корҳои тадқиқотии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи Нерӯгоҳи Роғун, ҳамчунин Директори Институти лоиҳакашии «Гидропроект»-и шаҳри Москва Павел Шестопалов ва Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқию обии Роғун” Хайрулло Сафаров изҳори андеша карданд.Оид ба вазъи корҳои тадқиқотию баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи Нерӯгоҳи Роғун аз номи консорсиуми ширкатҳои машваратӣ Роҳбари Гурӯҳи экспертҳои Ширкати “Пойри Энержи” Роберт Звален ҳисобот дод.Дар ин бора ҳамчунин Директори Муассисаи давлатии «Минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» Рамазон Мирзоев иттилоъ дод.Доир ба мавзӯъҳои муҳокимашуда, ҳамчунин чанде аз коршиносони ширкатҳои машваратӣ изҳори андеша карданд.Дар охири ҷаласа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба раванди омӯзиши имконоти иқтисодию техникӣ ва таъсири иҷтимоию экологии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун андешаронӣ намуда, аз ҷараёни ҳамкории босамар изҳори қаноатмандӣ кард.Зимни андешаронӣ доир ба идомаи босамари ҳамкории сохторҳои масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дахлдори Бонки ҷаҳонӣ ва ширкатҳои байналмилалии машваратӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани вохӯрии минбаъдае, ки дар моҳи январи соли 2013 ба нақша гирифта шудааст, тамоми сохторҳои масъул бояд ҳамкориро вусъат бахшида, барои таҳия ва мувофиқаи ҳисоботҳои навбатии корҳои тадқиқотию баҳодиҳии лоиҳа чораҳо андешанд.Дар баробари ин, таъкид гардид, ки корҳои тадқиқотии асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи Нерӯгоҳи Роғун тибқи ҷадвали мувофиқашуда ба роҳ монда шавад.Изҳор гардид, ки дар асоси тадқиқоти байналмилалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба ин лоиҳаи муҳим хулосаи дахлдор мебарорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






