Ҷинояткорӣ боиси ташвиш шудааст

Ноябрь 2, 2012 09:18

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти ба Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод намудаи Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ, Прокуратураи ҳарбӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2012 шумораи ҷиноят дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 10,7 фоиз, шаҳри Душанбе-5,7, вилояти Хатлон-5,1, Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёт (РКДН) ба андозаи 8,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 зиёд шудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад. Дар вилояти Суғд ва ВМКБ баръакси дигар минтақаҳо ҷинояткорӣ мутаносибан 16,8 ва 0,3 фоиз кам шудааст.Ба иттилои манбаъ, ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон аз 2891 адад (дар 9 моҳи соли 2011) ба 3039 адад (дар 9 моҳи соли 2012), дар шаҳри Душанбе аз 3641 ба 3849, дар РКДН аз 385 ба 402 адад расидааст. Бахусус афзоиши ҷиноят дар РКДН нафақат кормандони ин соҳаро ба ташвиш овардааст, балки боиси нигаронии ҷиддии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ низ гардидааст.

Ноябрь 2, 2012 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд