Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 26, 2012 16:42

Задухӯрд миёни қабилаҳои Рахини Мянма Душанбе, 26 ноябр, (АМИТ «Ховар»).- Задухўрдҳои шадид миёни қабилаҳои минтақаи Рахини Мянма то ҳанўз идома доранд. Тибқи иттилои расонаи хабарии «Hamshari News» дар тӯли 10 рӯз шумораи қурбониёни ҳодиса ба 300 нафар расида, зиёда аз ҳазор кас ҷароҳати гуногун бардоштаанд. Тавре ки сардори раёсати матбуоти кишвар хабар медиҳад, муборизаву нофаҳмӣ миёни ду қабила торафт бештар мегардад. Бояд қайд намуд,ки дар натиҷаи ин муноқишаҳои дохилӣ наздики 28 ҳазор сокини минтақаи Рахин манзилҳояшонро тарк намуда, ба дигар минтақа кўч бастаанд. Сокинони азиятдида дар хаймаҳо ва манзилҳои муваққатӣ умр ба сар мебаранд.Роҳбарияти мамлакат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти ногувор тадбирҳо меандешад. Талаби эътирофи мустақилияти Косово аз Сербия Душанбе, 26 ноябр, (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои расонаи «Al Arabia»-и Арабистони Саудӣ роҳбарияти як қатор кишварҳои Ғарб аз Сербия талаб намекунад, ки мустақилияти Косоворо эътироф намояд. Вале онҳо гуфтушунид миёни Белград ва Приштинаро зарур мешуморанд. Дар ин бора роҳбарони вазорати сиёсати берунаи ИМА ва Иттиҳоди Аврупо Ҳиллари Клинтон ва Кетрин Эштон, ки озими Сербия шудаанд, ибрози назар намудаанд. Сарвазири Сербия Ивитса Дачич ба мардуми кишвар ваъда дод,ки масъалаи Косоворо ба роҳи сулҳ дар муддати 4 соли оянда ҳал хоҳад кард. Норозигии сокинони Испания аз ҳукуматдорон Душанбе, 26 ноябр, (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки торномаи телевизиони «Алҷазира»-и Давлати Қатар хабар медиҳад, ба номусоидии боду ҳаво нигоҳ накарда, ҳазорон нафар сокинони Испания боз дар маркази мамлакат- шаҳри Мадрид гирдиҳамоӣ доир намуда, сабабҳои норозигии аҳолиро дар кам кардани хароҷоти бучаи давлат ба ҳукуматдорон баён карданд. Ҳукуматдорон мегӯянд, ки мушкилоти иқтисодӣ дар мамлакат бояд мувофиқи қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои зиддибуҳронӣ бартараф шавад. Чанде қабл сарвазири ин мамлакат иброз дошт, ки Испания ба гирифтани кўмаки молиявӣ эҳтиёҷ надорад. Лекин ба акидаи мутахассисони соҳаи иқтисоди қишвар Испания наметавонад бе кўмаки берунӣ мушкилоти худро бартараф намояд. Дар Испания сатҳи бекорӣ ба 25 дарсад расидааст, ки барои ин мамлакат нишондиҳандаи рекордӣ ба шумор меравад. Ин ҳолат сармоядоронро низ ба ташвиш овардааст. Ба гуфти роҳбари Бонки миллии Испания барои аз буҳрони молиявӣ раҳо ёфтани кишвар тақрибан 100 миллиард евро зарур аст. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 26, 2012 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст