Инвест-форуми Тоҷикистону Белгия дар Брюссел

Ноябрь 13, 2012 12:49

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ “Ховар”). — 6 ноябри соли 2012 дар ш.Брюссел бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва бо дастгирии роҳбарияти ширкатҳои “Saturn Group” ва «Cliniques de l’Europe» форуми сармоягузории Тоҷикистону Белгия бо иштироки сармоягузорони бузурги кишвари иқомат баргузор гардид. Дар кори форум ҳамчунин ҳайати расмии Тоҷикистон, ки ба пойтахти Белгия барои гузаронидани ҷаласаи дуввуми Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ширкат варзид.Дар форум инчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои берунаи Белгия, Паймони Нерӯ, як қатор воситаҳои ахбори оммаи Аврупо иштирок намуданд. Ҳадафи гузаронидани чунин чорабинӣ аз муаррифии иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доираҳои тиҷоратии Белгия ҷиҳати таъмини ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаҳои авлавиятноки иқтисод ва татбиқи лоиҳаҳои миллии ояндадор иборат буд. Форуми мазкур ҳамчун майдони ба роҳ мондан ва мустаҳкам кардани робитаҳо бо сармоягузорони эҳтимолии Иттиҳоди Аврупо низ хизмат намуд. Дар оғоз роҳбари гуруҳи ширкатҳои «Saturn Group» ва «Cliniques de l’Europe» Дирк Ламбрехтс ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо суханони ифтитоҳӣ ва хайрамақдам баромад намуданд.Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи зарфияти бузурги истифоданошудаи сармоягузории ҷумҳурӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, бахусус дар самтҳои гидроэнергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, инчунин туризм, маориф, тандурустӣ ва IT-технологияҳо иттилоъ дод. Сафир Р.Солиев роҷеъ ба дастовардҳои кишвар тайи солҳои истиқлолият, аз ҷумла дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, сохтмони давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ бо иқтисоди бозаргонӣ, ислоҳоти амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ таҳти роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод. Сафир аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷодаи ташаккули давлатдории тоҷик қайд намуд. Ӯ афзуд, ки кишвар бистсолагии иҷлоси мазкурро моҳи ноябри соли ҷорӣ ҷашн мегирад. Сафир таъкид сохт, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои амалисозии бобарори сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ шароити мусоиди иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ муҳайё кардааст ва аз сармоягузорон даъват ба амал меорад, ки робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузориро бо Тоҷикистон фаъолона рушд диҳанд. Сипас, роҳбари ҳайати Тоҷикистон, Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Саидраҳмон Назриев бо презентатсияи иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон баромад намуд. Намояндаи Тоҷикистон ба иштирокчиёни форум дар бораи соҳаҳои иқтисодии кишвар, фазои мусоиди сармоягузорӣ, қонунгузории миллӣ дар соҳаи мазкур, инчунин лоиҳаҳои авлавиятнок ва ояндадори сармоягузорӣ, хосатан дар соҳаҳои энергетика ва саноат, туризм ва соҳаи хизматрасонӣ муфассал маълумот дод. С. Назриев тазаккур дод, ки барои сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷиҳати бурдани фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити басо мусоид бунёд гардидааст. Пас аз баромади худ С. Назриев ба суолҳои сершумори сармоягузорони хориҷӣ посух дод.Баъдан, Президенти ширкати маъруфи иттилоотӣ-консалтингии Аврупо “Big Media Group” Тию Кейперс дар бораи таассуроти худ пас аз сафар ба Тоҷикистон, “кишвари офтобӣ ва хушманзар бо мардуми оқилу меҳмондӯст, мероси фарҳангӣ ва расму анъанаҳои ғанӣ, бо иқтидори ҳанӯз истифоданошудаи туристӣ” нақл намуд. Ӯ дар бораи иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ низ батафсил иттилоъ дод. Тию Кейперс аз сармоягузорони хориҷӣ даъват намуд, ки сармояи худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равона созанд, инчунин таъкид сохт, ки ин кишвари зудрушдёбанда дар оянда ба сарзамини гулгулшукуфон ва бойи тамоми минтақа табдил меёбад.  Зимни чорабинӣ ҳамчунин муовини Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шӯъба оид ба масъалаҳои сиёсӣ, матбуот ва иттилоот Иштван Нитрай ва намояндаи Паймони Нерӯ Зафар Самадов баромад карданд. Онҳо таваҷҷӯҳи ҳузурдоштагонро ба масъалаҳои иқтидори иқтисодӣ, фарҳангӣ ва туристии Тоҷикистон, вазъи мӯътадили сиёсӣ дар кишвар, шароити мусоиди инвеститсионӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намуданд.Дар анҷоми чорабинӣ мавод дар бораи иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар соҳаҳои гидроэнергетика ва саноат, нашри махсуси маҷаллаи “The European Times” оид ба Тоҷикистон, инчунин китобчаҳои иттилоотӣ доир ба ширкати “Сомон Эйр”, дар бобати иқтидори обию энергетикии ҷумҳурӣ, китобҳо дар бораи ширкати ТАЛКО пешкаши меҳмонон гардиданд. Дар рафти зиёфати ғайрирасмӣ ба меҳмонон инчунин филми иттилоотӣ дар бораи Тоҷикистон ба забони англисӣ бо давомнокии 20 дақиқа, ки табиат, фарҳанг, соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, иқтидори туристӣ ва ғайраро тасвир менамуд, манзур гардид.

Ноябрь 13, 2012 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
29 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст