Китоби «Меъмори сулҳ» дар Брюссел
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори намояндагии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел маросими муаррифии китоби «Меъмори сулҳ» баргузор гардид, ки он ба 20 – солагии Иҷлосияи ХУ1 таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мақоми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар бахшида шудааст. Ин китоб моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ интишор гардид. Дар маросим намояндагони олимақоми Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои берунии Белгия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар Брюссел, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ҳамчунин кормандони васоити ахбори омма иштирок доштанд.Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев аз аҳамияти китоб ҳам барои хонандаи тоҷик ва ҳам барои хонандаи хориҷӣ нақл карда, мақоми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ташкили давлати соҳибихтиёру демократӣ ва дунявӣ, сулҳу суботи кишвар ва роҳандозии ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ ба таври махсус қайд намуд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






