Медали ВКД ФР ба корманди РМҶМ ВКД ҶТ
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз, 15 ноябр бахшида ба рӯзи таъсиси Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар раёсати мазкур чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илми фалсафа, профессор Абдулвоҳид Шамолов иштирок ва суханронӣ карда, аз нақш ва саҳми кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар давлатдории навин ёдовар гардида, иброз намуд, ки кормандони милитсия ҳамеша дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар сафи пеш қарор дошта, он амалу кирдорҳое, ки бар зидди обрӯ ва ҳуқуқи инсон нигаронида шудаанд, аз тарафи кормандони раёсати номбурда пешгирию барҳам дода мешаванд. Мавсуф аз таърих ва моҳияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ёдовар шуда, ба ҳозирин таъкид дошт, ки бо дарки масъулият ва садоқати худ ба қадри ин дастоварди беназири сиёсӣ бирасанд. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, бо фармони вазири корҳои дохилӣ ба як қатор кормандони фаъол медалу ифтихорнома ва сипоснома супорида шуд. Инчунин барои ҳамкории фаъол бо фармони вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев ба як нафар корманди раёсати мазкур полковники милитсия Маҳбуба Қосимова медал тақдим гардид. Бо фармони сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил 14-нафар занон, ки дар қатори мардон фаъолияти низомӣ доранд, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






