«Мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ»

Ноябрь 1, 2012 17:30

Душанбе, 01 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷавон ва рушду густариши фарҳанги сиёсии ин насли ояндасоз аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маҳсуб мешавад. Дар ин раванд ташаккули маҳфилҳои доимии ҷавонон баҳри муҳокимаву мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва равандҳои демократикунонии он назаррас мебошад. Бо ин мақсад Кумита дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 24 майи соли 2010 аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар Парлумони ҷавонони Тоҷикистонро иборат аз 63 нафар таъсис намуд, ки фаъолияташро дар панҷ минтақаи кишвар амалӣ месозад. Тибқи Низомнома вакилони Парлумон дар ҳар ду сол аз нав интихоб мегарданд.Чанде қабл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Парлумони ҷавонон доир гардид, ки дар кори он вакилони тазаинтихоб иштирок карданд.

Ноябрь 1, 2012 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ