Мулоқоти Қ.Қосимов ва Т.Лонтс

Ноябрь 9, 2012 11:52

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ ). – 7 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов ва коршиноси калони намояндагии минтақавии Созмони маводи ғизоӣ ва кишоварзии СММ дар Туркия Томаш Лонтс баргузор гардид. Вазир дар ҷараёни мулоқот сатҳи хубу назарраси ҳамкорӣ бо созмони зикршударо қайд намуда, барои дастгирии он дар таҳияи «Барномаи ислоҳоти бахши кишоварзии ҶТ барои давраи солҳои 2012 – 2020» изҳори миннатдорӣ кард.Томаш Лонтс дар навбати худ аз мақсаду ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон хабар дода, зикр намуд, ки вақтҳои охир ба Созмони маводи ғизоӣ ва кишоварзӣ ислоҳот ворид гардида, дар робита бо ин муносибатҳо ба тарҳрезии кӯмак ба кишварҳои аъзои ин созмон тағйир меёбанд. Бо ибораи дигар, Созмони маводи ғизоӣ ва кишоварзӣ тадриҷан аз татбиқи лоиҳаҳои алоҳида дар кишварҳои аъзои он ба усули муайян намудани афзалиятҳо барои солҳои наздиктарин ва имзои барномаҳои ҳамкории кишварҳо мегузарад.12 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар маркази диққати сиёсат ва дастгирии техникӣ қарор мегиранд, ки се кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ аз қабили Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҷумлаи онҳоанд.Вазири кишоварзии Тоҷикистон зикр намуд, ки барои таҳияи пешниҳодҳо гурӯҳи муштараки корӣ таъсис дода ва пешниҳодҳо дар охири моҳи ҷорӣ мавриди муҳокима қарор дода шаванд.

Ноябрь 9, 2012 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид