Мулоқоти А.Миралиев бо П.Бартолотси
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Брюссел мулоқоти муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо сардори ҳайати Парлумони Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Паоло Бартолотси баргузор гардид. Дар сӯҳбат вакилони парлумони Тоҷикистон Галлия Рабиева, Рустам Латифов ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев низ ширкат доштанд.Дар ҷараёни мулоқот вазъу дурнамои рушди минбаъдаи равобити байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди муҳокима қарор гирифт. Амиршо Миралиев аз ҷараёни таҳкими равобиту муколамаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ба мусоҳиби худ барои мадади доимию амалии Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон сипосгузорӣ кард.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






