Омодагӣ ба истиқболи Иҷлосияи тақдирсоз
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) -Дирӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ин санаи таърихии миллати тоҷик ва иҷрои нақшаи чорабиниҳое, ки ба ин мақсад равона шудаанд, изҳори назар кард ва таъкид дошт, ки рафти омодагиҳо дар айни замон мувофиқи матлаб ба роҳ монда шуда, тадбирҳои тайёрӣ ба истиқболи ин сана бо маром идома доранд. Тавре ки таъкид гардид, ба истиқболи 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкили чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва сохтмону ба итмом расонии як зумра иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки иҷроиши онҳо то рӯзи таҷлили ин санаи тахрихӣ таъмин карда мешавад. Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъулро вазифадор кард, ки ҷиҳати дар кӯтоҳтарин мӯҳлат анҷом додани корҳои омодагӣ ва ташкили чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ тадбирҳои амалӣ андешида, ҷараёни корҳои ободонию оришии мавзеъҳои баргузории чорабиниҳои идонаро вусъат бахшанд.








Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид






