Расми гузашти низомӣ дар Душанбе
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 9 ноябр, дар майдони 800 – солагии Маскав бахшида ба Рӯзи милисаи тоҷик расми гузашти низомӣ баргузор гардид. Дар расми гузашт ҳамаи ҷузъу томи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вазъияти ботантана қадам заданд.Тавре ки аз ВКД ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, 8 ноябр кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ низ иди касбии худро таҷлил намуданд.10 ноябр дар «Кохи Ваҳдат» бахшида ба ин санаи фархунда чорабинии ботантана ва консерти идона баргузор гардида, кормандони варзидаи милиса бо унвонҳои навбатӣ сарфароз карда мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






