Роҳхат ба лигаи олӣ

Ноябрь 13, 2012 15:18

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Мусобиқоти Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум оид ба футбол бо ғалабаи дастаи «Панҷшер» — и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ анҷом ёфт. Футболбозони дастаи «Саройкамар» — и ноҳияи Панҷ соҳиби медалҳои нуқра гардида, бозингарони дастаи «Ҳулбук» — и ноҳияи Восеъ мақоми сеюмро касб намуданд.Ҳар се дастаи зикршуда соли оянда дар лигаи олии Тоҷикистон қувваозмоӣ мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноябрь 13, 2012 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш