Самараи 20 соли муносибатҳои дипломатӣ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Нуҳуми декабри соли 2012 ба ибтидои муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Швейтсария 20 сол пур мешавад. Давлати Швейтсария аз соли 1993 ба ҳайси роҳбари гурӯҳи намояндагӣ дар сохторҳои байналмилалии молиявӣ манфиатҳои Тоҷикистонро ҳимоя ва ҷонибдорӣ намудааст,-иброз доштанд дар Бонки миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».Тавассути Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ , ки 14 сол боз дар Тоҷикистон фаъолият дорад, лоиҳаҳои сершумори иҷтимоию иқтисодӣ роҳандозӣ гардидааст.Ба иттилои манбаъ, дар амалисозии лоиҳаҳо беш аз 250 млн. доллари амрикоӣ дар рафъи камбизоатӣ мавриди истифода қарор ёфтааст.Дар айни замон дар ҷумҳурии мо бо маблағгузории грантии Швейтсария 50 лоиҳа дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, обтаъминкунӣ ва тандурустӣ амалӣ мегардад.- «Швейтсария ҳамчунин дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси энергетикӣ ба Тоҷикистон ҳамкории босамарро густариш хоҳад дод»,-афзуданд дар Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Бонки миллӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






