Вохӯрӣ дар «Тоҷикстандарт»
Душанбе,1 ноябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода ).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе мутобиқи нақшаи корӣ ва ҷиҳати татбиқи қонуни ҶТ дар Агентии «Тоҷикстандарт» вохӯрии кормандон бо корманди дастгоҳи Президенти ҶТ исломшинос Тоҳир Рашид баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд, дар нишаст масъалаҳои риояи қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну оинҳо» ва қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» мавриди муҳокима қарор гирифтанд. «Мусаллам аст, ки татбиқи қонунҳои ҶТ дар ҳамин соҳа пеш аз ҳама ба манфиати аҳли ҷомеа буда, барои беҳдошти сатҳи некӯаҳволи мардуми кишвар мусоидат мекунад», зикр намуд манбаъ.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






