Вохӯрии Хадамоти муҳоҷират бо раисони ҷамоати ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Рӯзи 7 ноябри соли ҷорӣ бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ вохӯрии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони ҷамоатҳо, мактабҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо шахсони масъул ва фаъолони ноҳияи Рудакӣ дар назар аст.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, дар мулоқот қарор аст, масъалаҳои шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони ҶТ дар хориҷи кишвар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони ҶТ, ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳо ва саҳми онҳо дар рушди ноҳия, иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дараҷаи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳое, ки ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ марбутанд, мавриди муҳокима ва гуфтугӯ қарор хоҳанд гирифт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






