Вуруди 33 миллион доллар тавассути Қулма
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Додугирифти молу маҳсулот тавассути гузаргоҳи Қулма ба 33 миллион доллар расидааст. Ҳарчанд, ки ҳаво сард шудааст, вале воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон тавассути ин гузаргоҳ коҳиш наёфтааст ва то боришоти барф ва басташавии ағбаҳои душворгузар гузаргоҳи Қулма фаъолият мекунад.Тавре ки иттилоъ доданд, дар давоми соли ҷорӣ бештар аз 3,5 ҳазор мошинҳои сабукрав ва борбар гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чинро убур карда, дар қиёс ба соли гузашта ба маблағи як миллион доллар моли зиёдтар ворид кардаанд. Ҳамчунин барои соҳибкорон имконият дода шудааст, ки дар кадом минтақае, ки хоҳанд, дар нуқтаҳои гумрукӣ борашонро ба расмият дароранд. Аз ҷумла, 30 дарсади моли воридотӣ дар нуқтаҳои гумруки ВМКБ ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






