Ёде аз Алломаи бузурги Машриқзамин
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 135-умин солгарди шоири бузурги машриқзамин Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати донишҷўёну устодони Донишгоҳи мазкур ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ширкат доштанд Амҷад Ҳусайн Б. Сиал –сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба шахсият ва осори шоири барҷаста, ходими намоёни ҷамъиятӣ Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ибрози назар карда, саҳми босазои ин шахсияти барҷастаро дар ташаккули тамаддуни Шарқ махсус қайд намуд. Мавсуф зикр кард, ки Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ шахсияти шинохтаи замони худ буда, дар миёни мардуми Покистон ба ҳайси падари руҳонӣ эътироф гардидааст. Нобиғаи машриқзамин Муҳаммад Иқбол бо ақидаҳои фалсафӣ ва инсондўстонаю ислоҳотталабонаи худ мардуми Покистонро ба худшиносию озодихоҳӣ раҳнамун намуд. Ашъори нотакрори шоири тавоно, ки бо забонҳои халқҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст, саршори идеяҳои инсондӯстӣ, баробарию бародарӣ, меҳру муҳаббат, садоқат ба миллату ватан, озодихоҳӣ, фазилатҳои неки инсонӣ ва таҷассумгари ормонҳои инсони мубориз баҳри истиқлолият аст. Дар ҳамоиши фарҳангӣ устодону донишҷўёни бахши урдуи факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо доир ба мақом ва ақидаҳои барҷастаи файласуф ва шоири тавоно табодули назар карда, аз ашъори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ пораҳо қироат карданд. Аз ҷониби Сафорати Покистон ба ҳайати донишҷўёни устодони бахши урдуи факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо ва Маркази фарҳангии Покистон, ки дар факултаи мазкур таъсис дода шудааст, китобҳои Муҳаммад Иқбол тақдим карда шуд. Шоир Муҳаммад Иқбол, ки бо забонҳои форсию урду шеър эҷод намудааст, яке аз мутафаккирони барҷастаи садаи 19-20- и Шарқ маҳсуб меёбад. Иқбол 135 сол муқаддам дар моҳи ноябри соли 1877 дар шаҳри Сиёлкути музофоти Панҷоби Покистон ба дунё омада, маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъдан дар соли 1895 таҳсилро дар коллеҷи давлатии Лоҳур идома дода, ба омўзиши фалсафа ва адабиёти арабию англисӣ шурўъ менамояд. Соли 1899 ба сифати магистр таҳсилашро дар Британияи Кабир ва Олмон идома дода, ба унвони доктори илми фалсафа ноил мегардад ва баъди бозгашт ба ватанаш бо ақидаҳои муосир ва ислоҳотталабонааш дар роҳи худшиносию озодихоҳии мардуми Покистон саъю талош намудааст. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ташаккули шеъри форсӣ нақши густурда дошта, панҷ китоби ӯ — «Паёми Машриқ», «Рамузи бехудӣ», «Ҷовиднома», «Забури Аҷам», «Асрори худӣ» бо забони форсӣ ва се китоби дигараш — «Бонги дара», «Бани Ҷабраил» ва «Зарби Калим» -ро бо забони урду эҷод намудааст. Шоир китоби «Армуғони Ҳиҷоз»-ро ҳам бо форсӣ ва ҳам ба урду навиштааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






