Ҳавои сарди сибирӣ барф меорад

Декабрь 25, 2012 14:16

Душанбе, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 27 декабр ба ҷумҳурӣ таъсири ҳавои сарди сибирӣ расида, ҳарорати ҳаво аз 10 то 12 дараҷа паст мефарояд. Назар ба иттилои Парвина Саидҷамолова-мудири шуъбаи пешгўии боду ҳавои Муассисаи давлатии ҳавошиносии кишвар 27 декабр то нимаи 28 декабр дар саросари кишвар барфи сахт меборад. Ҳаво дар ин рўзҳо дар вилояти Суғд шабона ва рўзона 5-10 дараҷа сард, вилояти Хатлон шабона 3 -8 дараҷа сард, рўзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм, ноҳияҳои тобеи марказ шабона 3-8 дараҷа, рўзона 0-5 дараҷа сард, дар ғарби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шабона 5-10, рўзона 1-6 дараҷа сард, дар шарқи вилоят шабона 20-25, рўзона 5 -10 дараҷа сард мегардад. Ҳавои пойтахти ҷумҳурӣ рўзҳои 27-28 декабр шабона 6-8 дараҷа, рўзона 3-5 дараҷа сард мешавад.  Аз 29 декабр то 3 январи соли 2013 ҳаво дар ҷумҳурӣ бебориш боқӣ мемонад. Аз ин рў, сокинони ҷумҳурӣ Соли нави мелодии 2013 –ро бе барф истиқбол хоҳанд гирифт, мегўяд мутахассиси бахши ҳавошиносии кишвар Парвина Саидҷамолова. Имшаб ҳавои пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе 3-5 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Декабрь 25, 2012 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст