Ҷоизаи «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон»
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова),-Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳои озмунҳои «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ҳамоҳангсозии бизнес-ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамчун шарикон иштирок карданд. Дар озмуни «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ғолибон аз рӯи номгӯйҳои «Кашфиёти сол», «Боварӣ», «Шарики боэътимод», «Сифат», «Тамғаи мо», «Инноватсия», «Масъулияти иҷтимоии бизнес», «Бизнес-стил», «Пешсафи минтақа», «Музаффарият» ва дар озмуни «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон» дар номгӯйҳои: «Бонуи соҳибкор», «Менеҷери ояндадор», «Роҳбари ҷўянда», «Роҳбари пурмаҳсул», «Роҳбари навовар» муайян мегарданд.Бояд гуфт, ки озмунҳои «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «10 менеҷери беҳтарини Тоҷикистон» бо мақсади ошкор ва тарғиби сарварони соҳаи соҳибкорӣ, таҳкими рақобати солим дар бозор, баланд бардоштани обрӯи ширкатҳои ватанӣ ва рейтинги инвеститсионӣ, вусъати фаъолияти тиҷоратӣ, оммавигардонии ғояҳои масъулияти иҷтимоии бизнес гузаронида мешаванд.Ташаббускори озмун Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносон ва сарпарасти расмии баргузор намудани озмунҳо Намояндагии «Трасткоммертсбанк» дар Тоҷикистон мебошанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






