15 иншоот ба истифода дода шуд

Декабрь 28, 2012 15:36

Хоруғ, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Деҳоти ноҳияи Шуғнон, бахусус маркази он шаҳраки Ваҳдат соли 2012 ба майдони ҳақиқии бинокорӣ табдил ёфт. Дар шаҳраки Ваҳдат соли сипаригардида бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон биноҳои замонавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, филиалҳои «Амонатбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» мавриди истифода қарор гирифтанд. — Дар маҷмуъ,- мегӯяд мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Ҳайдар Гулмамадов, — дар қаламрави ноҳия соли гузашта 15 иншооти муҳиме, ки аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ доранд, ба истифода дода шуданд. Ҳоло боз сохтмони зиёда 30 аз иншоот дар деҳоти ноҳия идома дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба сохтмони иншооти обрасонӣ аҳамияти хосса медиҳад. Дар деҳаҳои Шиитам, Вибист, Миденшор, Дирёмҷ, Даштак хатҳои обгузар ба истифода дода шуданд.Дар маҷмуъ барои бунёди 46 иншоот аз буҷаи давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо 58281 ҳазор сомонӣ равона гардид.

Декабрь 28, 2012 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст