Аввалин меҳмонхона барои муҳоҷирон

Декабрь 25, 2012 15:47

Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар шаҳри Самараи Русия аввалин меҳмонхона барои муҳоҷирон боз карда шуд.  Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, ин меҳмонхонаи бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳаз барои 170 нафар муҳоҷир боз шудааст ва қимати шабонарӯзии иқомат дар он 170 рубли русӣ муқаррар шудааст. Пешниҳоди боз кардани чунин меҳмонхона аз сӯи созмонҳои ҷамъиятии пуштибони муҳоҷир, аз ҷумла созмони минтақавии тоҷикии «Пайванд» сурат гирифта, аз сӯи мақомоти расмии кор бо муҳоҷирини Русия амалӣ шудааст. Доштани манзили муҷаҳҳази арзон барои муҳоҷир зарурати аввалин аст ва минбаъд низ бо мақомоти расмии муҳоҷирати Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар самти дифоъ аз ҳаққи муҳоҷирон ва татбиқи барномаҳои мусоидкунандаи шароити зисту будубош ва шуғли онҳоро рӯи даст хоҳем гирифт,- изҳор кард Саидасрор Мирзоев, роҳбари СҶ Пайванд. Ҳамчунин роҳбари созмони «Пайванд» иброз дошт, ки феълан кӯшиши онҳо барои омода намудани муҳоҷирон барои супоридани имтиҳон аз забони русӣ равона шудааст: «Дар назди созмон курсҳои ройгони омӯзиши забони русӣ барои муҳоҷирон ва омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони тоҷикони муқими шаҳри Самара таъсис шудааст, ки метавонад барои муҳоҷирон кӯмаки ҷиддӣ расонад».Дар ҳамин ҳол ҳафтаи гузашта мақомоти муҳоҷирати минтақаи Маскав низ аз сохта шудани 6 меҳмонхонаи арзон барои муҳоҷирон дар минтақаҳои берун аз шаҳр хабар доданд.

Декабрь 25, 2012 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст