Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ
Душанбе, 27 декабр. ( АМИТ «Ховар» Назир Назиров).- Яке аз падидаҳои хубе, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ созгор аст, аз ташкили ассотсиатсияҳои дўстдорони табиат ва марказҳои экологӣ иборат мебошад. Аз соли 2008 дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист маркази ахбори экологӣ ташкил шуда, то имрўз дар самти маърифати экологӣ ҳамаҷониба кор мебарад. МАЭ тибқи салоҳияти худ дар се самт фаъолият менамояд, ки инҳо аз чорабиниҳои илмию оммавӣ, маърифатию фарҳангӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ иборат мебошанд. Кумита бо ташкили маркази ахбори экологӣ дар муддати начандон зиёд ба муваффаққиятҳои шоён ноил гардид. Дар ин росто бояд ҳаминро қайд намоем, ки тадриҷан аз вилоятҳо, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе маълумот сари вақт гирд оварда ва махзани маълумот оид ба вазъи муҳити зист такмил дода мешавад. Инчунин чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати экологӣ дар ҷомеа, ташкили намоишҳои телевизионӣ ва барномаҳои радиоӣ, нашри мақолаҳо дар рўзномаву маҷаллаҳо, таъмини баромадҳои кормандону мутахассисони кумита дар садо ва симои ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа, ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ бо иштироки васеи хабарнигорони воситаҳои ахбори умум амалӣ мегарданд. Тазаккур бояд дод, ки кумита бо мақсади ҷалби бештари журналистон ба мавзуъҳои ҳифзи муҳити зист дар байни ВАО-и ҷумҳурӣ силсиласеминари дарозмуддати экологӣ ташкил намуда, ҳамзамон дар бахши «Табиати тоза-кафолати солимии ҷомеа» озмун эълон намуд. Ин чорабинии муфид дар арафаи ҷашнҳои бузурги миллии 21-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20-умин солгарди Иҷлосияи таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Точикистон чамъбаст гардида, рўзноманигорон аъзои клуб ва ғолибон бо Шаҳодатномаи кумита, инчунин бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамин гуна озмунҳо барои баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ гузаронида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






