Гӯштини тарзи озод дар Кӯлоб

Декабрь 6, 2012 17:20

Кӯлоб, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов).-Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини тарзи озод байни наврасони солҳои таваллуди 1995 — 1997 доир гардид, ки дар он 100 нафар варзишгари ҷавон аз шаҳру ноҳияҳо ва маркази кишвар дар 10 вазн бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Мусобиқаи мазкур нишон дод, ки дар баробари зиёд шудани дастаҳо варзишгарон ба мусобиқаҳо тайёрии хуб мебинанд ва усулҳои гӯштини тарзи озодро моҳирона иҷро менамоянд. Дар даври ниҳоии мусобиқа қувваозмоӣ дар вазнҳои 76 кг байни Абдулло Назаров ва Мирзораҳим Мӯхриддинов, дар вазни то 100 кг байни варзишгарон Аҳмадов ва Рустамов хеле ҷолиб сурат гирифт. Дар сабқати ниҳоӣ варзишгарони дастаҳои Душанбе бо касби 4 медали тилло, 7 нуқра ва 11 биринҷӣ сазовори ҷои аввал гардиданд. Ҷои дуюм бо касби 3 медали тилло ва 3 медали биринҷӣ насиби варзишгарони вилояти Суғд шуд.

Декабрь 6, 2012 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст