Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо JICA

Декабрь 11, 2012 17:41

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Оҷонси оид ба рушди байналмилалии Ҷопон (JICA) Киёши Кодера мулоқот анҷом дод.   Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ноиби президенти Оҷонси оид ба рушди байналмилалии Ҷопон Киёши Кодера масоили ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи равобити ҳасанаи Тоҷикистон бо Оҷонси мазкур ибрози қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон намуд, ки ин ҳамкориҳо беш аз пеш таҳким хоҳанд ёфт. Киёши Кодера пас аз мулоқот бо Сарвари давлат аз пазируфта шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ёдовар шуда, зикр намуд, ки ин омил дар самти таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо дигар созмону кишварҳо, аз ҷумла бо Оҷонси оид ба рушди байналмилалии Ҷопон нақши фаъол хоҳад гузошт.

Декабрь 11, 2012 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст