Ифтитоҳи маркази нави захиравӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Декабрь 19, 2012 10:00

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар ҳамкории шарикона бо факултаи тандурустии ҷамъиятӣ ва омори Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази нави захиравиро ифтитоҳ карданд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати тандурустии Ҷуиҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ Директори USAID дар Тоҷикистон Кэтлин МакДоналд, проректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Саид Қурбонов, роҳбари Маркази маълумотӣ ва доруворӣ Маҳбуба Аҳророва, роҳбари Маркази захиравии тибби исботшуда Шавқия Почоҷонова, инчунин профессорон ва донишҷӯёни кафедраи тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки Маркази захиравӣ баъди санҷиши пойгоҳи моддию фаннии кафедра аз ҷониби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» таъсис дода шуд. Марказ барои таҳкими захираҳои таълимии донишгоҳ ва бо истифода аз технологияҳои муосир беҳтар гардонидани пешрафти донишҷӯён ва имконоти гузаронидани тадқиқоти фардӣ аз ҷониби онҳо пешбинӣ гардидааст. Ин марказ дастрасӣ ба шабакаҳои электронии китобхонаи донишгоҳ ва захираҳои иловагӣ оид ба идораи тандурустиро таъмин менамояд. Донишгоҳ таъмири биноро анҷом дода, лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат»-ро бо китобҳо, мизу курсӣ, таҷҳизоти техникӣ ва Интернет таъмин намуд.Иштирокчиёни чорабинӣ қайд намуданд, ки Маркази захиравӣ имконият медиҳад, ки кафедраи тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣба омӯзиши кормандони соҳаи тибб боз ҳам бештар мусоидат намояд.

Декабрь 19, 2012 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд