Имрўз барои Тоҷикистон рўзи таърихист
Душанбе, 10 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрўз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи таърихист. Интизор меравад, ки 10 декабр дар ҷаласаи Шўрои генералии Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, ки қароргоҳаш шаҳри Женеваи Швейтсария аст, маросими ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат барпо мегардад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва саханронӣ менамояд.Бояд тазаккур дод, ки дар маросими ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, намояндагони кишварҳои аъзои ин созмон, давлатҳои нозир ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат менамоянд.Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, ки ба ҳайати худ 157 кишвари ҷаҳонро пазируфтааст, соли 1995 бо мақсади танзими сиёсати муносибатҳои кишварҳои ҷаҳон дар самти савдои байналмилалӣ созмон дода шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи узвият ба ин созмони муътабари ҷаҳонӣ соли 2001 ба унвони ин созмон санади расмӣ ирсол намуда буд. Аз соли 2001 то инҷониб Тоҷикистон ҳамчун кишвари нозир дар ҷаласаҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат иштироки фаъолона дошт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






