Иштироки О. Оқилов дар ҷаласаи сарвазирони СҲШ
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои cарони ҳукуматҳо –Сарвазирони кишварҳои узви СҲШ баргузор шуд, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов иштирок кард.Дар ҳамоиши навбатии cарони ҳукуматҳо –Сарвазирони кишварҳои узви СҲШ аз рӯи муқаррарот ва барномаи кории ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов нахуст дар нишасти хоссаи роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ва баъдан дар нишасти ҳайатҳои васеъ иштирок ва суханронӣ кард.Сарвазири мамлакат оид ба раванди ҳамгироиҳои давлатҳои аъзои СҲШ аз давраи баргузории ҷаласаи қаблӣ то ба имрӯз ёдовар шуда таъкид кард, ки бо ташаббуси давлатҳои аъзои созмон чорабинӣ ва тадбирҳои дар ин давра амалӣ намудаи сохторҳои гуногуни СҲШ дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва форумҳои сармоягузорию тиҷоратӣ барои дар оянда тақвият ёфтани ҳамгироиҳои давлатҳои аъзои созмон заминаҳои созгору мусоид фароҳам овард.Оқил Оқилов зимни суханронии хеш дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ оид ба тадбирҳои андешидаи роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон дар самти некӯаҳволии мардум ва рушди иқтисодиёти мамлакат ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ба марҳилаи наву босифати рушди устувор ворид гардида, ислоҳоти иқтисодии гузаронидашуда, навсозии шакли корхонаҳои саноатӣ ва рушди соҳибкории хусусӣ натиҷаҳои назарраси воқеӣ ба бор меоранд.—Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,- изҳор дошт Сарвазири мамлакат,- дар оянда низ барои ҳалли вазифаҳои стратегӣ, хусусан раҳоии давлат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ тадбирҳои воқеӣ ва судманд меандешад. —Дар маҷмӯъ,- изҳор дошт Оқил Оқилов,- барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва боло бурдани иқтидори иқтисодии давлатҳои минтақа зарур аст, ки таваҷҷуҳи кишварҳои узви СҲШ ба ин масъала ҷиддӣ нигаронида шавад.Ба андешаи Сарвазири мамлакат яке аз самтҳои дигари расидан ба ҳадафҳои созанда -ин ташкили рафтуои бемамониати нақлиётӣ ва баланд бардоштани иқтидори нақлиётӣ дар қаламрави давлатҳои созмон мебошад.Татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт, беҳдошти рафту омади байналмилалии нақлиётӣ ва навсозии роҳҳои оҳану нақлиётӣ имкон фароҳам хоҳад овард, ки дар оянда гардиши молу маҳсулот дар ҳудуди давлатҳои аъзои созмон ба маротиб боло рафта, иқтидору имконоти мавҷуда устувор нигоҳ дошта шавад.Ҳамзамон Оқил Оқилов дар суханронии худ оид ба истифодаи самараноки иқтидорҳои гидроэнергетикӣ дар минтақа ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика ва сохтмони роҳҳои оҳани байнидавлатӣ изҳори назар карда, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои созандаю баманфиат дар ин самт баён намуд. Дар ҷаласа як қатор ҳуҷчатҳо доир ба таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва фаъолияти минбаъдаи созмон ба имзо расида, дар анҷоми он бо иштироки сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони ҷумҳуриҳои узви СҲШ нишасти матбуотӣ баргузор шуд .Дар доираи иштирок дар ҳамоиши Шӯрои сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони ҷумҳуриҳои узви СҲШ мулоқоти хоссаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Сарвазири ин кишвар Жалторо Сотиболдиев баргузор шуд.Дар вохӯриҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисерҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика ва роҳу нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати пурзӯр гардонидани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тақвияти муносибатҳои ду давлат дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай махсус таъкид шуд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» С.Муҳиддинов-машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






