Консерти гуруҳи ҳунарии амрикоии «Делла Мэй» дар Душанбе
Душанбе, 10 декабр . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – Рӯзи 13-уми декабри соли равон дар толори консертии меҳмонхонаи «ВЕФА», консерти гурӯҳи ҳунарии “Делла Мэй” баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бахши робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Душанбе хабар доданд. Тибқи хабари расида ин барнома дар доираи «Барномаи фарҳангии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон» бо дастгирии Бахши маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА ва дар якҷоягӣ бо бахшҳои радиои “Садои Амрико” дар кишварҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад. Мавриди зикр аст, ки «Делла Мэй» — гурӯҳи муосири фолклорӣ аз шаҳри Бостони Иёлати Массачусетс буда, дар Тоҷикистон нахустин бор ҳунарнамоӣ мекунад. Гуруҳи «Делла Мэй» ба давлатҳои Осиёи Марказӣ — Покистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон низ сафар кардааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






